Дар вилояти Хатлон ба худкушӣ даст задани ноболиғон нигаронкунанда аст
(last modified Mon, 05 Dec 2016 15:00:25 GMT )
Декабр 05, 2016 20:00 Asia/Dushanbe
  • Дар вилояти Хатлон ба худкушӣ даст задани ноболиғон нигаронкунанда аст

Насрулло Маҳмудов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуққи вилояти Хатлон дар маҷлиси Шӯро аз он изҳори таассуф намуда, ки хонандаи синфи сеюм даст ба худкӯши задааст.

Ба навишти ҳафтаномаи «Хатлон» оқои Маҳмудов дар шарҳи ин масъала гуфтааст, ки танҳо худи ҳамин сол аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ  аз ҷумла дар ноҳияҳои  Ёвон 9 нафар, Вахшу Фархор 6 нафарӣ , Мӯъминобод  5 нафар,  Восеъю Панҷ 4 нафарӣ, Қубодиёну  Ховалинг 3 нафарӣ, Хуросон ва   Шамсиддини Шоҳин 1 нафарӣ  ва аз  шаҳрҳои  Қӯрғонтеппаю  Сарбанд  2 нафарӣ   даст ба худкушӣ  задаанд.

Чуноне, ки  таҳлилҳо  нишон медиҳанд    дар соли 2014 ум дар вилояти Хатлон 163 ҳодисаи даст ба худкуши задани шаҳрвандон ҷой доштаву дар соли 2015 ин рақам  ба 203 нафар расидааст.

Оқои Ҳусейнзода, сардори Шӯъбаи назорати тафтишоти пешакӣ   дар мақомоти прократураи вилояти Хатлон  дар маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  аз он изҳори нигарони дошта, ки танҳо дар нимсолаи соли равон дар 62 ҳолат занҳо ва дар 28 ҳолат мардҳо даст ба худкӯши ва ё суиқасд ба  худкушӣ  задаанд. 

Дар мақолаи «Ба худкушӣ даст задани ноболиғон чӣ омилҳо дорад?»  омадааст, ки аз шумораи умумӣ даст ба худкушӣ доштагон  25 нафарашон ноболиғон  будаанд.    Аз  онҳо,  гуфтаанд масъулин,    20 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва 3 нафарашон донишҷӯ мебошанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар вилояти Хатлон  масъалаҳои доғи рӯз   пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ,   парокандашавии оилаҳо ва даст ба худкушӣ задани  одамон мебошанд.

Қисме аз коршиносони маҳаллӣ ба он назаранд, ки   яке аз омилҳои   пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва парокандашавии оилаҳо  аз камбудии ҷои  кор ва дарёфти маоши   кам  мебошад.  

Инак, масъулин   дар  Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон гуфтанд, ки  сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон аз тарбияи нокифоя дар мактабҳо  мебошад, зеро    вазифаи омӯзгорон  дар қатори додани дониш аз  тарбияи  дурӯст низ  иборат аст.

Дар ҳоле, ки ноболиғон  аз чигуна ширину гуворо будани ҳаёт огаҳӣ  надоранд, даст ба худкӯши мезананд.  

Дар радифи сустиродагӣ,  аз беназоратӣ пизишкон  қисме аз онҳое, ки даст ба худкушӣ задаанд  ҳамчун гирифторони  бемории рӯҳи  қайд нагаштаву  аз мадди назар дур мондаанд.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки аз 293 ҳодисаи худкӯши ва суиқасд ба  худкушии шаҳрвандон  63 нафарашон гирифтори бемории рӯҳи буаанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар қайди равонпизишкон  набудаву   аз беназорати даст ба худкушӣ  доштаанд.