Сентябр 20, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусалаҳонаи ахир байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз шуда буд
    Даргирии мусалаҳонаи ахир байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз шуда буд

Дар дидори мақомоти аршади амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар риояти комили қавонини оташбас байни дукишвар таъкид шуд.

 Саймумин Ятимов ва  Қамчибек Тошиев руасои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар  гузаргоҳи марзии Гулистон бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин дидор   дутараф таъмини собит дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистонро барраси ва бар риояти комили қавонини оташбас таъкид карданд.

 Дар идомаи  ин дидор ҳамчунин бар меҳварияти мавзуъи тазмини амнияти сокинони марзнишин ва ҳалу фасли мушкмилоти мавҷӯд аз тариқи музоқирот таъкид шуд.

Сарони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон пратаколеро ба имзо расонданд, ки бар асоси он низомиён ва таҷҳизоти низомии изофаи ҳар дукишвар ба маҳали доимии худ бозгардонда шуда ва амнияти сокинон таъмин хоҳад шуд.

Даргирии мусалаҳонаи ахир байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз шуд. Ҳар ду тараф якдигарро ба оғози муноқиша ва истифода аз силоҳои сангин ва таҷҳизоти низоми муттаҳам мекунанд.

Вазҳорати хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе, Қирғизистонро ба ҳамлаи мусалаҳона, қатл ва куштори низомиён ва сокинони ғайри низомӣ, ташдиди таниш дар манотиқи марзӣ ва ҳамчунин талош барои муарифии Душанбе ба унвони кишвари мутаҷовиз аз тариқи интишори иттилооти козиб , муттаҳам кард.

Бар асоси гузориши расми, дар натиҷаи ин ҳодисаи хунин дар марзҳои дукишвар 41 шаҳрванди Тоҷикистон ва 59 шаҳрванди Қазоқистон кушта шуданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп