Сентябр 20, 2022 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ройзании телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
    Ройзании телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Дар тамоси телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон натиҷаҳои нишасти Шанхай дар Самарқанд, вазъият дар марзи бо Қирғизистон ва ҳамкориҳои дуҷониба барраси шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар тамоси телефони бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин тамоси телефонии сарони ду кишвар натиҷаҳои иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқандро барраси карданд.

Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон аз буъдҳои ташкилоти ва муҳтавоӣ ин руйдоди муҳими минтақӣ қадрдони кард ва аз истиқболи гарм ва меҳмонавозии суннатии раиси Ҷумҳурии Узбакистон ташакур кард ва натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳо, ки сабаби тасвиби бастаи муҳками аз тасмимот ва санадҳо дар заминаҳои мухталифи фаъолияти ин созмон шуд, мусбат арзёби кард.

Дар ҷараёни ин гуфтугу раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамтои узбаки худро дар мавриди рушди ахири ваздъият дар марзи бо Қирғизистон муталеъ кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди бархе мавзуъоти муҳими равобити Тоҷикистон ва Узбакистон дар заминаҳои дусти, ҳусни ҳамҷавои ва ҳамкориҳои мутақобили судманд дар чорчуби мушорикати роҳбурди ва ҳампаймони баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп