Пешниҳоди таъсиси омбудсмени молӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мавзӯи таъсиси омбудсмен ё худ ваколатдори молӣ дар ин кишварро дар дастури кори худ қарор додааст. Ҳадафи таъсиси ин ниҳод назорат ва танзими равобити миёни муштариён ва бонкҳо арзёбӣ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Азия плус дар санади мавсум ба увлавиятҳои стратегӣ ва барномаи амалиётӣ барои тавсиаи механизми ҳимоят аз ҳуқуқи масрафи хадамоти молӣ ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 омадааст:
Бо таваҷуҳ ба нокоромади ва ҳазинабар будани мавзӯи ҳалли ихтилофооти молӣ аз сӯи дастгоҳҳои қазоӣ ба вижа барои қишри камдаромад дар дарозмуддат барои расидагӣ ба шикоёт ва ҳалли ихтилофоти молӣ ба як ниҳоди ҷойгузин зарурат вуҷуд дорад.
Ин санад ишора мекунад, ки масрафкунандагон бояд ба ҳали одилона ва ба мавқеи шикоёт ва ихтилофоти худ дастрасӣ дошта бошанд. Дар ин санад омадааст, ки шикоёти фазояндаи муштариён ба бонки Миллӣ нишондиҳандаи амалкарди заъифи муассиоти молӣ дар кишвар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов-коршиноси иқтисоди ва муовини Раиси ҳизби сусиёл демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки таъсиси омбудсмени молӣ назири омбудсмени ҳуқуқии фаъол дар кишвар мушкили аслиро ҳал нахоҳад кард. Оқои Ҳакимов дар ин робита мегӯяд:
Гуфтанист бар асари буҳрони молии сарзада дар Тоҷикистон баъд аз таҳримоти ғарб алайҳи Русия чандин муассисаи молӣ дар Тоҷикистон варшикаста ва се бонки муътабари дигар низ дар ҳоли варшикастагӣ қарор гирифтаанд. Дар натиҷа аксари муштариён наметавонанд ҳуқуқ ва ё пасандозҳои худро аз ин бонко дарёфт кунанд.