Бузургдошти рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 21 Sep 2022 11:05:22 GMT )
Сентябр 21, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон
    Бузургдошти рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон

Ҳамоиши бузургдошти устод Шаҳриёр шоири эронӣ дар маросими рӯзи шеъру адаби форсӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, маросими бузургдошти устод Муҳаммадҳусейни Шаҳриёр ғазалсарои номдори эронӣ бо ҳузури шахсиятҳо ва нухбагони илмӣ, адаби ва ҳунраии Тоҷикистон дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе баргузор шуд.

Ин маросим бо суханронии Муҳаммадтақии Собири, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Собирӣ мардуми Тоҷикистонро хешованди таърихӣ ва форсизабони эрониён хонд ва забону адабиёти форсиро мероси гаронбаҳои таърих ва ниёкони форсизабонон тавсиф кард.

Дипломати эронӣ аз интихоби сетан аз фарихтагони тоҷик Гулрухсори Сафиева, Абдунаби Саторзода ва Рустами Ваҳобзода ба уновни аъзои пайваста ва ифтихори фарҳангистони забон ва адаби форисии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Собирӣ ёдовар шуд пеш аз ин низ фарҳангиёни ҳамонанди устодон марҳум Муҳаммадҷон Шакури Бахтиёри, Абдулқодир Муниёзов ва Самудин Додихудоев дар ин фарҳангистон узвият доштанд.

Гуфтани аст ҳамзамон маросими мушобеҳи барои бузургдошти Шаҳриёр дар Туркия баргузор шуда аст. Муҳаммади Фарозманд, сафири Эрон дар Туркия ва теъдоди аз асотиди бартарзабон ва адабиёти форсии донишгоҳои ин кишвар дар маросим ширкат карданд.