Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх
Сентябр 22, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
Мақомоти Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар мавриди амнияту суботи минтақа гуфтугу карданд.
Дар ҳошияи 77-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Петер Маурер, раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхи Созмони милал дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону ин кумита, тарҳҳои иҷро шуда дар Тоҷикистон, мавзуоти амнияту суботи минтақа, вазъияти кунунии Афғонистон ва зарурати ироаи кумакҳои башардустона ба ин кишвар баҳсу баррасӣ шуд.
Барчасп