Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи зарфияти минтақаии Сандӯқи Байналмилалии Пул
Тоҷикистон ва маркази тавсеаи зарфияти минтақаии Сандӯқи Байналмилалии Пул(СБП) ҳамкории худро густариш медиҳанд.
Ин матлаб дар мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо Норберт Функе, мудири Маркази тавсеаи зарфияти минтақаии Сандӯқи Байналмилалии Пул дар умӯри Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, матраҳ шуд.
Завқӣ Зақизода дар ин мулоқот тақвияти ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои тадвини модели модерни чашмандозҳои иқтисодӣ, истифода аз таҷрибиёти пешрафтаи байналмилалии муртабит бо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ дар заминаи тавсеаи ҳавзаҳои иқтисодии иҷтимоӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибиёти кишварҳои тавсеаёфта ва ироаи кумакҳои фаннӣ барои беҳсозии манотиқи мазкӯрро зарурӣ донист.
Тарафайн омодагии худро барои густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи созмондиҳии фаъолиятҳои муртабит бо пешгирӣ ва коҳиши асароти таҳдидоти эҳтимолӣ бар иқтисоди миллӣ ва ҳифзи суботи иқтисоди бузург эълом карданд.