Кумаки муҷаддади Бонки Ҷаҳонӣ ба ширкати «Барқи Тоҷик»
(last modified Sun, 25 Sep 2022 13:06:06 GMT )
Сентябр 25, 2022 18:06 Asia/Dushanbe
  • Кумаки муҷаддади Бонки Ҷаҳонӣ ба ширкати «Барқи Тоҷик»

Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъияти молии ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» 80 миллион доллар изофӣ, тахсис медиҳад.

Маросими имзои мувофиқатнома дар мавриди ихтисоси вуҷӯҳи изофӣ барои беҳбуди вазъияти молии ширкати «Барқи Тоҷик», дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин санади тавассути Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва  Озан Севимлӣ, раиси дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории иловагӣ 59,3 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 80 млн доллари амрикоӣ баробар буда, бо қисмҳои алоҳида баъд аз иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ ва мутаносибан ноил гардидан ба натиҷаҳои муайян, махсусан дар самти солимгардонии вазъи молиявии «Барқи Тоҷик», қобилияти пардохтпазирии он, такмили идоракунӣ ва шаффофият дар «Барқи Тоҷик» равона мегардад.