Сентябр 26, 2022 15:31 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон
    Густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон

Намоишгоҳи русиву тоҷикии таҷҳизоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, ҷодаӣ ва шаҳрӣ ба мизбонии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба мизбонии Тоҷикистон дар муҷтамаи Кохи Борбади шаҳри Душанбе рӯзҳои 18 - 19 октябри имсол намоишгоҳи рӯсиву тоҷикии таҷҳизоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, ҷодаӣ ва шаҳрӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, дар поёни даҳаи дувуми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия барпо мешавад.

Илова бар ин дар ҳошияи ин намоишгоҳ музокироти намояндагони Вазорати саноату тиҷорати Русия бо ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.