Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Шанхай
(last modified Fri, 30 Sep 2022 13:54:40 GMT )
Сентябр 30, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Шанхай
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Шанхай

Шаст дарсад аз кулли мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай анҷом мегирад.

Бистуякумин иҷлоси вузарои иқтисоду бозаргонии Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз - ҷумъа аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин нишаст бо ишора ба сатҳи болои мубодилоти бозаргонии ин кишвар бо аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон ва Ҳинд ба унвони муҳимтарин шуракои тиҷории Душанбе дар ин созмон ном бурд.

Дар ин ҷаласа, ки раёсати онро вазири иқтисоди Чин бар уҳда дошт, вузарои иқтисоду бозаргонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайи Тоҷикистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбакистон ширкат карданд.