Октябр 06, 2022 09:48 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Федерасиюни Маҷлиси Федеролии Русия, телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко доир гардид.

Роҳбари Палатаи болоии парламенти Россия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва комёбиҳои минбаъда дар маснади олии давлатӣ, раисиҷумҳурро бо зодрӯзашон табрик намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Валентина Матвиенко барои табрикоташон самимона изҳори сипос намуданд.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои алоҳидаи пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ,  ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таъйиди авлавияти рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русия,  изҳори боварӣ карданд, ки робитаҳои байни Тоҷикистону Россия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.