Октябр 06, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон бар рушди равобити дуҷониба
    Таъкиди раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон бар рушди равобити дуҷониба

Раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон дар гуфтугуи телефони бо якдигар бар рушди беш аз пеши равобити дуҷониба ва баргузории нишастҳои мухталиф таъкид карданд.

Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон аст, мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021 дар сатҳи беша аз 400 миллион доллар қарор гирифта аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мириёев ва Эмомалӣ Раҳмон раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон имруз панҷшанбе гуфтанд фаъолияти бунёди сармоягузории муштрак, ки ба пешпурди тарҳҳои авлавиятдор дар заминаҳои саноат, кишоварзӣ, энержи, ҳамлу нақл ва дигар ҳавзаҳои калиди кумак мекунад зарури аст.

Тарафайн дар ин гуфтугуи телефони бар иҷрои амалии тавофуқоти ба даст омада таъкид карданд.

Ҳамакнун дар Узбакистон 24 ширкат бо сармоягузории шаҳрвандони тоҷик ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармоягузорони Узбакистон фаъолият мекунанд.

 

Барчасп