Октябр 09, 2022 14:35 Asia/Dushanbe
  • Дар додгоҳи аввал бештари шоҳидон эҳзор ва бозҷуии шудаанд
    Дар додгоҳи аввал бештари шоҳидон эҳзор ва бозҷуии шудаанд

Муҳокимаи Далери Эмомалӣ, веблогнавис ва рӯзноманигори боздошт шудаи тоҷик дар боздоштгоҳи мувақатии Душанбе оғоз шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Далери Эмомалӣ яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷике аст, ки чаҳор моҳ пеш дастгир шуд. Ӯ мазнун ба тиҷорати ғайри қонуни, интишори ахбори нодурӯст ва узвияти дар созмонҳои мамнуъа аст.

Гуфта мешавад, ки парвандаи вай  тавассути Даврони Назарзода, қозии  додгоҳи минтақаи Шоҳмансур дар ҳоли расидагӣ аст.

Дар додгоҳи аввал бештари шоҳидон эҳзор ва бозҷуии шудаанд, ҳамсари Далер низ ба додгоҳ эҳзор шуд. Додгоҳи дуввум ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Наздикони Далери Эмомалӣ дар бораи парвандаи ин рӯзноманигор  ва веблогнавис суҳбате намекунанд.

Далери Эмомалӣ дар масири шаҳри Конибодом дар минтақаи Суғд дар ноҳияи Айнӣ дастгир ва ба Душанбе мунтақил шуд. Барои вай ба асноди маводи 259 банди 1 ( корофаринии ғайри қонуни), 346 ҷузъи 1 банди алиф (ирсол ва нашри амдии иттилооти нодурӯст) ва 307 ҷузъи 2 банди 3 (узвият дар Созмонҳои ифротӣ) қонуни кайфари парванда ташкил шуд.

 

 

Барчасп