Март 05, 2023 11:00 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти намояндаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо рузноманигорони боздоштшудаи тоҷик
    Мулоқоти намояндаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо рузноманигорони боздоштшудаи тоҷик

Намояндаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо рузноманигорони боздоштшудаи тоҷик мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, намояндаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо Абдулло Ғурбати, Далери Эмомалӣ ва Завқибек Сайидаминӣ дар зиндони якум саветски мулоқот кард ва дар мавриди шароити боздошти онҳо ҷуё шуд.

Ин матларо хабаргузории Азия-Плюс бо ишора ба Зулола Икромова коршиноси аршади идораи давлатии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсӣ ва намояндаи иродаи ҳуқуқи башар гузориш дод.

Икромова гуфт: Мулоқоти онҳо бо рузноманигрони зиндони 17 феврал замоне, ки зиёндониён худро барои ҷашн гирифтани рузи артиши миллии Тоҷикистон омода мекарданд баргузор шуд.

Ба гузориши Икромова онҳо бо Далери Эмомалӣ, Абдулло Ғурбати ва Завқибек Сайидаминӣ суҳбат карданд вай ҳамчунин гузоришҳое мабни бар гирифтории Далери Эмомалӣ ба мебории силро такзиб карду гуфт: Дар сурати гирифтор ба бемории сил ҳақи мулоқот бо онҳоро нахоҳад дошт зеро ин бемори сирояткунанда аст у хеле кам месулфад.

Икромова афзуд: Хабарнигорони боздоштшуда ҳам мегуфтанд, ки мо ҳеҷ шикояти аз шароити зиндагии худ дар зиндон надорем ва имкони мулоқот бо хонавода ва ақвоми худро дорем.

Дар ҳамин ҳол Зулола Икромова дар мавриди рузноманигори дигари ба номи Абдусатор Пирмуҳаммадзода иттилоъоти ироа накард у гуфт, ки бо Абдусатор Пирмуҳаммадзода  шахси дигари мулоқот карда аст.

Соли гузашта чаҳор рузноманигори тоҷик ба номҳои Абдусатор Пирмуҳаммадзода, Далери Эмомалӣ, Завқибек Сайидаминӣ ва Абдулло Ғурбоати ба ҷурми ҳамкори бо ҳизбҳо ва ҷунбишҳои мамнуъа дар Тоҷикистон дастгир ва ба муддати 7 то 10 сол зиндони шуданд.                                

Барчасп