Таъкид бар ҳамкории Тоҷикистон бо марокизи рушди байналмилалӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллати шаҳри Душанбе бо мудири минтақаии Бонки ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ ва мудири иҷроии Маркази аврупоии рушди мавсум ба Вулфенсон дидор кард.
Дар ин дидор бар ҳамкории Тоҷикистон бо марокизи рушди байналмилалӣ барои коҳиши таъсири манфии омилҳои берунии асаргузор бар иқтисоди миллӣ дар заминаи кумак ба буҷети ин кишвар, тавсеаи бахшҳои иҷтимоӣ, зерсохтҳо, энержӣ ва ҳамлу нақл таъкид шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Лилия Бурунчук ва Йоҳаннес Линн дар ин дидор дар бораи масоили гуногун аз ҷумла авзои ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молӣ бар иқтисоди кишварҳо ва роҳи ҳалли ин мушкилот ва баҳсу табодули назар карданд.
Баррасии тадобири зидди буҳрони Тоҷикистон, тақвияти рақобат дар иқтисоди миллӣ, фароҳам кардани бистари мусоид барои рушди иқтисодӣ, иртиқои сатҳи маишатии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи барномаи миёнмуддати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016 то 2020 бо роҳбурди миллии рушди ин ҷумҳурӣ то соли 2030 аз дигар меҳварҳои ин дидор буд.