Октябр 13, 2022 19:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дидору гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин дидор дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи конфронси ҳамкори ва иқдомоти эътимодсозии дар Осиё анҷом гирифт.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси рушд ва густариши бештари равобити судманди ҳамаҷониба, субот ва таъмиқи бештари равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, густариши тарҳҳои энержӣ, тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ ва низомӣ табодули назар карданд.

Дар поёни ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон даъват кард то дар фурсати муносиб бо сафари расми ба Тоҷикистон сафар кунад.

 

Барчасп