Оғози размоиши "Марзи-2022" дар ҷануби Тоҷикистон
(last modified Mon, 17 Oct 2022 15:33:40 GMT )
Октябр 17, 2022 20:33 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши
    Оғози размоиши "Марзи-2022" дар ҷануби Тоҷикистон

Размониши "Марзи-2022" Сомзони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар ҳарби майдони вилояти Хатлони Тоҷикистон оғоз шуд ва то 21 октиябр идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин размоиш низомиёни кишварҳои узви минтақаи Осиёи Марказӣ гуруҳи амалиётии ситоди муштарак ва дабирхонаи СПАД ширкат доранд.

Размоиши муштараки "Марзи-2022" рузи 10 октиябр бо мушорикати неруҳои ҷаъми истиқрори сариъи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд ва дар ҷараёни он ҳудуди ҳазор нафар ва беш аз 300 таҷҳизоти нимоии махсус аз ҷумла ҳавопаймо, чархбол ва ҳавопаймои бедуни сарнишин мавриди истифода қарор гирифтанд.

Пеш аз ин дар рузҳои 3 то 7 октиябр тамриноти низомии СПАД таҳти унвони "Таъомул-2022" "Қатор-2022" ва "Ҷустуҷу-2022" ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуданд.

Муъоҳидаи амнияти дастаҷамъи дар 15 май соли 1992 дар Тошканд тавассути сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо расид.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи шомили кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аст.