Октябр 18, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  •  Вазир дастур дод то зарфи муддати як ҳафта нисбат ба рафъи навоқис ва ироаи гузориши натоиҷ ба Вазорати омӯзиш ва парвариш иқдом кунанд
    Вазир дастур дод то зарфи муддати як ҳафта нисбат ба рафъи навоқис ва ироаи гузориши натоиҷ ба Вазорати омӯзиш ва парвариш иқдом кунанд

Вазири омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон аз кӯдакистон ва мактаби ноҳияи Фирдавсӣ боздид кард.

Ба гузорши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раҳими Саидзода вазири омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон аз кӯдакистони шумораи 134 ва мактаби шумораи 42 ноҳияи Фирдавсӣ боздид кард. 

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон, надоштани барномаи кори дар муасиса, тавзеҳи ноодилона ва ғайри стандарди ғизо, омода набудани муасиса барои фасли зимистон, вазъият ғайри беҳдошти набуда бозии муносиб барои  фаъолияти кӯдакон аз навоқис ва костиҳое буд, ки вазири омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон дар боздид аз онҳо иттилоъ пайдо кард. 

Дар идомаи ин боздид вазир ба мудирони муасисоти омӯзишии мазкур ва раиси идораи омӯзиш  ва парвариши ноҳияи Фирдавсӣ дастур дод то зарфи муддати як ҳафта нисбат ба рафъи навоқис ва ироаи гузориши натоиҷ ба Вазорати омӯзиш ва парвариш иқдом кунанд.