Октябр 18, 2022 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷаборов ба ҷурми худ эътироф кард ва ба қозии додгоҳ гуфт, ки дигар ҳамдастонаш ӯро фиреб додаанд
    Ҷаборов ба ҷурми худ эътироф кард ва ба қозии додгоҳ гуфт, ки дигар ҳамдастонаш ӯро фиреб додаанд

Додгоҳи Маскав шаҳрванди тоҷикро ба иттҳоми сирқат ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, додгоҳи Маскав, Умедҷон Ҷаборов, шаҳрванди 27 солаи Тоҷикистониро ба иттҳоми сирқати 100 миллион рубл аз ҳамсари хонандаи фақиди рус, Александр  Гродский, ба 8 солу ду моҳ зиндон маҳкум кард.

Умедҷон Ҷаборов аҳли яке аз ноҳияҳои  Тоҷикистон аст,ки  фурӯшгоҳи пушок дар Маскав кор мекард.

Ҷаборов ба ҷурми худ эътироф кард ва ба қозии додгоҳ гуфт, ки дигар ҳамдастонаш ӯро фиреб додаанд.

 Додгоҳ ба далели иқрори Умедҷон Ҷаборов ва доштани фарзанди ноболиғ дар муддати маҳкумияти ӯ тахфиф дар назар гирифт пеш аз ин  хостори 10 сол зиндон барои Ҷаборов шуда буд.

Додгоҳи Маскав Умедҷон Ҷаборовро бар асоси қисмати 4 моддаи 162 қонуни кайфарии Русия ба далели сирқат муҷрим шинохт ва ӯро ба 8 солу ду моҳ зиндон маҳкум кард.