Октябр 18, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муъовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Владимир Воронков, муъовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дидору гуфтугу кард.

Дар таърихи 18 октиябр дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи конфронси байналмиллалии сатҳи оли ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаии амниятӣ ва мудиряти марзҳо барои мубориза бо терроризм ва пешгири аз рафтуомади террористҳо бо Владимир Воронков, муъовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва раиси дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милллали Муттаҳид дидору гуфтугу кард.

Дар ин дидор мавзуъоти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Миллали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои конфронси олии мубориза бо терроризм мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Дар ин дидор тарафайн  иттихози тадобири махсус дар робита бо афзоиши таҳдидот зидди амнияти минтақаӣ аз ҷумла густариши терроризм, ифротигароӣ, қочоқи маводи мухадир ва аслиҳа ва ҳамчунин анвои дигари ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллиро муносиб донистанд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедвори кард, ки натиҷаҳои раванди Душанбе, ки ҳосили талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид аст сабаби тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақаи дар мубориза бо таҳдидоти фазояндаи терроризм ва ифротигароӣ шавад.

 

Барчасп