Октябр 19, 2022 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон барои убур аз масири Эрон
    Ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон барои убур аз масири Эрон

Муъовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон аз оғоз ба ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон ба мақсади Туркия барои убур аз масири Эрон хабар дод.

Шаҳриёр Афандизода дар бораи маросими оғози ҳаракати қатори транзитии Тоҷикистон ба Эарон ба мақсади Туркия, ки бо ҳузури вай ва теъдоди аз ширкатҳои ҳамлунақли, тоҷирон ва мақомоти дигар кишварҳо баргузор шуд изҳор кард. 

Бо таваҷуҳ ба даъвати вазири нақлиёти Тоҷикистон аз вазири роҳу шаҳрсозии Эрон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳи каридори ҳамлунақли таркибии Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия ҳайатҳое аз ин кишварҳо рузи гузашта ба шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар карданд.

Муъовини ҳамлунақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон хотирнишон кард: Ин ҳайат ҳамчунин аз шаҳри Кулоб, ки минтақаи озоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва қарор аст қутби тиҷорат, транзит ва саноати Тоҷикистон бошад боздид карданд.

Афандизода афзуд: Дар ин сафар маросими ифтитоҳияи коридури ҳамлунақли таркибии Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия баргузор шуд ва тайи он қатори транзитии Тоҷикистон бо мақсади Туркия ба тарафи Эрон ҳаракат кард.

 

Барчасп