Афзоиши 2 баробарии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i92890
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт : Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ду баробар афзоиш ёфтааст .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 20, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 2 баробарии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт : Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ду баробар афзоиш ёфтааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир- ҳимояти моддӣ ва молӣ аз террористҳо аст .
Вай афзуд : Агар дар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 2.5 тон маводи мухаддир кашф шуд, дар соли 2021 ин мизон ба 4 тон расид, ки ба ин маънӣ аст, ки тавлиду қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст .
Юсуф Раҳмон хотирнишон кард : Ин вазъият зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии фаъолиятҳо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро талаб мекунад.