Октябр 21, 2022 21:38 Asia/Dushanbe
  • Вокуниш ба изҳороти вазири дифои Қирғизистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон изҳороти ахири вазири дифои Хадамоти марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон изҳороти ахири вазири дифои Қирғизистон дар мавриди адами имкони истиқрори сулҳ байни ду кишварро таҳрикомез ва комилан мухолифи ҳалли масоили марзӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ, унвон кард.

Дар ин баёния омадааст: Мақомоти сиёсӣ ва низомии Қирғизистон бидуни таваҷҷӯҳ ба тавофуқоти дуҷониба дар заминаи ҷилавгирӣ аз даргириҳои бештар дар марзҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо изҳороти моҷроҷӯёнаи худ дар эҷоди нафрату душманӣ байни ду миллат саҳм мегузоранд ва ба равобити мутақобил ва байналмилалӣ осеб мерасонанд.

Тарафи тоҷик дар идома ба изҳороти Бактибек Бекболтов, вазири дифои Қирғизистон дар 19 октябр дар мавриди инки байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд, ишора ва онро таҳрикомез ва комилан мухолифи ҳаллу фасли масоили марзӣ аз тариқи роҳҳои дипломатӣ унвон кард.

Дар ин баёния ҳамчунин омада, ки агарчӣ Бекболтов дар суханоне хотирнишон кард, ки то замоне, ки таслеҳоти сангин аз марзҳои давлатӣ хориҷ нашаванд, мушкилоти таъйин ва аломатгузории марзҳо боқӣ хоҳад монад, вале ҳамзамон аз хариди сомонаи мушакии зидди ҳавоии с - 125 тавассути Қирғизистон ва истиқрори он дар вилояти Ботканди ин кишвар, хабар дод.

Бинобар навиштаи Хадамоти марзбонии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон, амалкарди вазири қирғиз ба вузӯҳ муғойир бо мавзеи мақомоти Қирғизистон дар мавриди ҳаллу фасли масоили баҳсбарангез аз тариқи музокира ва бо дар назар гирифтани равобити дӯстонаи ду миллати ҳамсоя мебошад.

 

Барчасп