Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Италия / чашмандози равобит-меҳвари гуфтугӯ
(last modified Sat, 22 Oct 2022 09:11:17 GMT )
Октябр 22, 2022 14:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Италия / чашмандози равобит-меҳвари гуфтугӯ

Дар дидори муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Италия дар ин кишвар ва намояндаи вижаи шаҳр Рим вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи равобити байни ду кишвар баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Шараф Шерализода-муовини вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ба муносибати баргузории намоишгоҳи ҷаҳонии « ЭКСПО-2030 » бо Агостинио Пин- сафири Италия дар ин кишвар ва Ромео Орланди-фиристодаи вижаи шаҳри Рим дидору гуфтугӯ кард .
Дар ҷараёни ин дидор вазъияту дурнамои тавсеаи равобити байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Ба вижа дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистону Италия дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамчунин таъомул дар чорчӯби созмонҳои байниалмиллалӣ ва минтақаӣ баррасӣ шуд .
Равобити тиҷорӣ, фурсатҳои сармоягузорӣ ва тақвияти равобити байни муассисоти фарҳангӣ ва омӯзишии Тоҷикистону Италия аз дигар мавзӯъоте буд, мавриди баррасии ду тараф қарор гирифт .

Бештар бихонед :