Октябр 22, 2022 14:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз коридори нави чандваҷҳии транзитӣ дар масири Эрон хабар дод

Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон аз ифтитоҳи коридори чандваҷҳии Чин - Тоҷикистон - Узбекистон - Туркманистон - Эрон - Туркия дар қисмати тоҷикистонӣ хабар дод .

Азим Иброҳим дар конфаронси байналмилалӣ бо унвони " Логистика ва фоидаҳои он дар тавсеаи иртибототи ҳамлу нақли байни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ", ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд масири ҷадидӣ барои ҳамли коло аз Чин ба Туркия аз тариқи Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон ироа кард, ки бахши тоҷикистонии он дар Кулоби ин кишвар ифтитоҳ шудааст .
Вай гуфт ки интизор меравад маҳмӯлаҳо дар тӯли масири ҷадид бо равишҳои мухталифи ҳамлу нақлӣ шомили қатор, мошинҳои боркаш,киштиҳо ва ҳавопаймо транзит ва таҳвил дода шаванд .
Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз маркази матбӯотии Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим бо ишора ба инки коридори чандваҷҳии байни Чину Туркия ба эҳёии Ҷодаи бузурги абрешим кумак мекунад, гуфт : Истифода аз ин масир дар коҳиши масофату коҳиши ҳазинаи ҳамли коло ва якпорчагии иқтисодии минтақаӣ нисбат ба коридорҳои мавҷуд муассир аст .
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир пружаи автомасиони системаи мудирият дар ҳоли иҷро аст ва кор бар рӯй муаррифии мавқеъияти онлайни ҷобаҷоии коло аз тариқи хоки Тоҷикистон дар ҳоли анҷом аст .
Азим Иброҳим тасреҳ кард : « Масоили марбӯт ба муаррифии борномаи электронӣ, сомонаи навбатдиҳии электронӣ ва соири фурсатҳо дар ҳоли баррасӣ аст . Вай афзуд : Ин фурсатҳо равияҳо ва фарояндҳои логистикиро сода мекунад .
Бахшҳои ҳамлу нақлу логистикии коромаду басарфа ба Тоҷикистон ин имконро медиҳад, ки на танҳо ба фаъолияти иқтисодӣ ва эҷоди инсиҷоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар дохили марзҳои худ кумак кунад, балки аз мавқеъияти ҷуғрофиёиаш низ ниҳояти истифодаро бибарад ва ба унвони коридрри тронзитии байни иқтисодҳои пӯё ва рӯ ба рушди Шарқу Ғарб амал кунад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп