Октябр 22, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Поёни маъмурияти дипломатии сафири Қатар дар Тоҷикистон

Маъмурияти дипломатии сафири Қатар дар Тоҷикистон ба поён расид.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Иброҳим бин Муҳаммад ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, зимни суҳбат тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси амниятии Душанбе табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба сафир барои хизматҳои шоиста дар таҳкими муносибату ҳамкории дӯстонаву судманд миёни Тоҷикистону Давлати Қатар изҳори сипос намуд.

 

Барчасп