Мулоқоти муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ бо вазири саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон
Муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозӣ дар ҷаласаи муштарак бо вазири саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, тавонмандиҳои Эрон дар ҳавзаи ҳамлу нақл ва логистикаро ташреҳ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҷаласа вазири Тоҷикистон бо ибрози омодагӣ ва алоқамандӣ ба манзури истифода аз масири Эрон дар ҳавзаи транзит, барои баррасии масири Эрон дар Шимолу Ҷануб ва Шарқу Ғарб, ошноӣ бо имконоту ҳазинаҳо,намояндагоне муаррифӣ кард, то бо истифода аз масири Эрон фанноварӣ ва технологияҳои мавриди ниёзи худро ба Тоҷикистон мунтақил кунанд .
Ҳамчунин дар идомаи ин ҷаласа вазири саноъату фанновариҳои нави Тоҷикистон нисбат ба истифода аз аз пешрафтҳои касбшудаи тавассути Эрон дар ҳавзаи ҳамлу нақли ҳӯшманди ҷодаӣ, роҳи оҳанӣ ва логистикӣ ибрози алоқа кард .
Муқаррар шуд ҳайати тоҷикӣ дар рӯзҳои оянда барои баррасии ин мавориди сафарӣ ба Эрон дошта бошанд ва аз пружаҳои ҳамлу нақли кишвар боздид кунанд .