Боздиди вазири тандурустии Тоҷикистон аз бемористони Вилояти Машҳад
(last modified Thu, 27 Oct 2022 08:20:04 GMT )
Октябр 27, 2022 13:20 Asia/Dushanbe

Вазири тандурустии Тоҷикистон дар садри ҳайате асри чаҳоршанбе ба Машҳад ворид шуд ва аз бахшҳои мухталифи бемористони Вилояти ин шаҳр дидан кард .

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода ба ҳамроҳи раиси донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад вориди бемористони 220 тахтихобии ҷадидултаъсис ( соли 1400 )и « Вилоят » шуд ва аз бахшҳои мухталифи он боздид кард.
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳошияи ин боздид дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба сафарҳои худ ба шаҳрҳои Теҳрон ва Шероз гуфт : Боздид аз бахшҳои дармонӣ ва бемористонии ин ду шаҳр ва ҳамчунин Машҳад моро бар он дошта, то битавонем дастовардҳои Эрон дар ҳавзаи пизишкӣ ва дармониро дар Тоҷикистон амалиётӣ кунем .
Абдуллоҳзода афзуд : Дар бораи ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳавзаи пизишкӣ ва гардишгарии саломат, тиби суннатӣ ва истифода аз гиёҳони доруӣ дар Тоҷикистони баҳсу гуфтугуҳои зиёде шуда, ки дар ниҳоят тасмим ба баҳрагирӣ аз дониши эрониҳо дар ҳавзаи пизишкӣ гирифтаем .
Вай бо ишора ба тасмими Тоҷикистон дар бораи эъзоми мутахасассини худ барои бозомӯзӣ дар ҳавзаи пизишкӣ ба Эрон гуфт : Имрӯз дар сафар ба Машҳад ва боздид аз бахшҳои дармонии он дар назар аст то тафоҳумномае барои ҳамкориҳои бештар бо Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад имзо шавад .
Доктор Муҳаммадалии Киёнӣ-раиси Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад низ дар ҳошияи ин боздид гуфт : Дар ростои ҳамкории байни Тоҷикистону Эрон имрӯз шоҳиди ҳузури вазири тандурустии он дар кишвар дар Машҳад ҳастем то нахустин гомҳо барои иҷрои бархе бандҳои тафоҳумномаи ду кишвар бавижа дар заминаи пазириши донишҷӯи тахассусӣ ва фавқутахассусӣ ва ҳамчунин пазириши бемор дар ҳавзаи гардишгарии саломат бардошта шавад .
Вазири Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Машҳад қарор аст аз бонки чашми Донишгоҳи улӯми пизишкии ин шаҳр боздид карда ва ҳамчунин дар оромгоҳи Фирдавсӣ низ ҳузур ёбад .