Октябр 28, 2022 17:19 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Э. Раҳмон ба И. Раисӣ
    Таслияти Э. Раҳмон ба И. Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои эронии худ иқдоми террористӣ дар ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғи Шерозро маҳкум ва бар зарурати тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ таъкид кард.

Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи чаҳоршанбе ба Шоҳчароғ - ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад бин Мӯсо (а) дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс (ҷануби Эрон) 15 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд.

Ин иқдоми террористӣ, ки ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, бо маҳкумияти Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми таслияти рӯзи ҷумъаи худ ба Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мо низ ин иқдоми террористиро маҳкум карда ва бар лузуми тақвияти мустамари муборизаи муштарак алайҳи ҳамаи мазоҳири терроризму ифротгароӣ таъкид мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём зимни ибрози маротиби таслияту ҳамдардии худ ба раиси ҷумҳурӣ, мардуму бастагони қурбониён, аз Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмату мағфират ва барои тамоми маҷруҳон шифои комил хостор шуд.

 

Барчасп