Октябр 30, 2022 10:10 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 18 дарсадии Чин дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
    Саҳми 18 дарсадии Чин дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Раиси маркази мутолеъоти стратежикии Тоҷикистон ва сафири Чин бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хайриддин Усмонзода мудири маркази мутолеъоти стратежикии Тоҷикистон бо Ҷи Шумин сафири Чин дар Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Усмонзода бо таъкид Чинро яке аз шарикони роҳбурдии Тоҷикистон унвон кард, ки арзиши мубодилаи тиҷории бо он дар 7 моҳи имсол 766.1 миллион доллар буд ва дар муқоиса ба замони мушобеҳи соли 2021 313.9 миллион доллар ё 64.4 дарсад бештар шуда аст.

Бино бар суханони вай саҳми Чин дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 18.5 дарсад ва аз назари ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ бо ин кишвар мавқеъияти севумро ба худ ихтисос дода аст.

Сафири Чин ба навбаи худ бо ишора ба рушди равобити иқтисоди байни ду кишвар хостори эҷоди ҳамкории наздик байни марказҳои фикрии ду кишвар шуд.

Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин чашмандозҳои марбут ба амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар мавзуъоти дастури кори минтақаӣ ва байналмиллалиро барраси карданд.