Декабр 08, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • Ибодат ба шеваи салафӣ сокини Душанберо ба зиндон андохт

Сокини 54 солаи шаҳри Душанбе ба ҷонибдорӣ аз фирқаи мамнуаи салафӣ дар Тоҷикистон, гуноҳкор дониста шуд.

Ба гузориши Азия плюс, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур сокини 54 солаи шаҳри Душанбе, Бахтиёр Эгамбердиевро дар иртикоб ба ҷурм мутобиқи модаи 189 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон (таҳрики кина ва адовати миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё мазҳабӣ) гуноҳкор дониста ва ба се сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар парвандаи Эгамбердиев омадааст, ки ӯ бештар дар масҷиди Ҳоҷӣ Миралӣ намоз мехонда ва имом хатиби ин масҷид пас аз он ки мутаваҷҷеҳ шудааст, вай тибқи мазҳаби Ҳанафӣ намоз намехонд, мавзуъро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузориш додааст.

Имомхатиби масҷиди изҳор дошта, ки Эгамбердиев илова бар ин, ки тибқи мазҳаби Ҳанафӣ ибодат намекарда, либос ва зоҳираш ҳам ба ин мазҳаб мувофиқ набудааст, ба дигар намозгузорони масҷид мегуфтааст, ки онон иштибоҳ намоз мехонанд.

Бар асоси ин гузориш, бозпурсиҳо нишон медиҳад, Эгамбердиев, ки 2 сентябри имсол дар намози ҷумъа боздошт шуда, аз соли 2015 ба  фирқаи мамнушудаи салафӣ пайваста, афкор ва аҳдофи ононро миёни мардум таблиғ мекардааст.

Фирқаи салафӣ бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳаштуми декабр 2014 ба унвони фирқаи ифротӣ шинохта шуда, фаъолияти он дар ин кишвар мамнуъ аст.