Октябр 30, 2022 19:11 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Тоҷикистон ба Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ба унвони «кишвари аз вараҷа озод»

Тоҷикистон барои дарёфти гувоҳиномаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СБҶ)ба унвони «кишвари аз вараҷа озод» пешниҳод шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» аз 17 то 26 октябр дафтари минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони директори генералии СБҶ ва директори дафтари минтақавии аврупоии СБҶ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» дархост пешниҳод гардида буд.

Дар асоси ин дархост Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин намояндаи дафтари минтақавии Аврупоии (СБҶ) доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва инчунин марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва МНДСЭ-и ноҳияи Восеъ боздид намуд. Онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуда, ба фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа давоми 10 соли охир баҳо гузоштанд.

Ҳисоботи Комиссияи мазкур ба унвони мудири СБҶ пешниҳод гардида, оид ба натиҷаи ниҳоии ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сертификати СБҶ ҳамчун «кишвари аз вараҷа озод» давоми се моҳи оянда хабарномаи СБҶ ирсол мегардад.