Октябр 31, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Таъкид бар густариши равобити Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бар густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Зулфия Давлатова, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадмаҳдии Исломӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон баргузории ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистонро дар таҳкими муносиботи фарҳангии ду кившар муҳим шумориду гуфт радиои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табодули барномаҳои фарҳанги бо Эрон омодагӣ дорад.

Вазири фаҳранг ва иршоди исломии Эрон низ бо қадрдони аз меҳмонавозии мақомот ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории маросими ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эронро барномаи мутанавеъ ва ҷазоб арзёби карду гуфт раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора бар таҳкими муносибатҳои ду кившар дар ҳамаи заминаҳо таъкид доранд.

Исмоилӣ таомули ҳамаҷониба бо кишварҳои дусту бародарро аз авлавиятҳои давлати Эрон баршумориду гуфт Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бомдоди имруз душанбе дар садри ҳайати вориди Душанбе пойтахти ин кишвар шуд.

Дар ҳафтаи фарҳангии Эрон, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Тоҷикистон баргузор мешавад аз албоми 24 асари нафиси хушнависи, ҳафтаи филми Эрон, нишастҳои адаби, иҷрои мусиқӣ, гуруҳҳои шоҳномахони ва нақолӣ, намоиши саноати дастӣ, ҳунарҳои таҷасуми, варзиши зурхонаӣ, мусиқӣ ва ҳунармандони таҷасуми ва саноати дасти дар назар гирифта шуда аст.

Барчасп