Ноябр 01, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши намоишгоҳи дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар Тоҷикистон
    Гушоиши намоишгоҳи дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар Тоҷикистон

Намоишгоҳи осор ва дастовардоҳи фарҳангӣ ва ҳунарии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо Муҳаммадмаҳди Исмоилӣ асри сешанбе дар ойини гушоиши намоишгоҳи осор ва дастовардҳои аҳолии фарҳаг ва ҳунармандони Эрон дар Тоҷикистон зимни қадрдони аз ҳусни меҳмонавози ва мизбонии мардуми хуби Тоҷикистон гуфт: Бисёр хушҳолам, ки имруз шоҳиди ҳузури ҳунармандон ва осори чашмгири аҳолии фарҳанг ва ҳунари Эрон дар пойтахти кишвари Тоҷикистон ҳастем ва рузҳои оянда низ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтари ин кишвар хоҳем буд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон афзуд: Ингуна рафту омадҳо ва мубодилоти фарҳангӣ ва ҳунари нишон аз таҷлили асҳоби фарҳанг ва ҳунари ду кишвар дорад, ки бо иттиҳод ва якпорчаги  муғтанамшуморида шуда аст.

Исмолӣ идома гуфт: Бедуни тардид асҳоби фарҳанг ва ҳунар бо истифода аз муъаррифии осор ва дастовардҳои худ нақши бебадилеро дар рушд ва таъмиқи равобити фарҳангӣ ва ҳунарӣ ифо хоҳанд кард.

Вазири фарҳаг ва иршоди исломӣ бо хайрамақдами меҳмонон ва аҳолии фарҳанг ва ҳунар ва масъулони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳияи намоишгоҳи осор ва дастовардҳои ҳунармандони Эрон ибрози умедвори кард ингуна намоишгоҳҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ сароғоз барои таъомулот ва равобити фарҳангии рузафзун барои ду миллат ба вижа асҳоби бахши фарҳанг ва ҳунар бошад.

Дар идомаи ин ойин муъовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо хайрамақдам ба ҳамватанон ва ҳунармандони эронӣ аз мардуми Эрон ба унвони ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ ёд карду гуфт: Ҳузури шумо бо дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунари Эрон барои мо ва миллати Тоҷикистон бисёр дилчасп ва мояи ифтихор аст.

 

Барчасп