Ноябр 02, 2022 12:02 Asia/Dushanbe
  • Нахустин нишасти ин коргурӯҳ дар моҳи апрели соли 2019 мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд
    Нахустин нишасти ин коргурӯҳ дар моҳи апрели соли 2019 мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

Мақомоти Узбакистон ва Тоҷикистон дар қолаби видиоконфронс дуввумин нишасти коргурӯҳи муштарк дар заминаи кишоварзиро баргузор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳайати Узбакистон шомили Қаҳрамон Юлдошов муовини вазири кишоварзӣ ва раиси коргурӯҳ ва ҳамчунин мақомоти аршади ин Вазорат ва Созмонҳо, марокиз ва ожонсҳои вобаста буд.

Ҳадаф аз баргузории ин видиоконфронс баррасии абъоди авлавиятдори ҳамкориҳои мутақобил аз ҷумла афзоиши тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни дукишвар, ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи домпизишкӣ ва домпарварӣ аст.

Ҳамчунин бар иҷрои пружаи эҷоди "Боғи дустӣ" ва тавсиаи равобит дар заминаи боғбонӣ ва гулхонаҳо таваҷӯҳи хос шуд. Иловабарин  дар бораи ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи улум ва омӯзиши кишоварзӣ таъкид карданд.

Муовини вазири кишоварзии Узбакистон гуфт: Мо алоқаманд ба содироти пойдор ва баланд муддати маҳсулоти кишоварзии  худ ба бозори Тоҷикистон, иҷрои пружаи сармоягузории авлавиятдори муштарак, тавсиаи улуми кишоварзӣ ва ба коргирии роҳи ҳалҳои навоварона дар муҷтамаи кишоарзӣ ва санъати ҳастем.

Нахустин нишасти ин коргурӯҳ дар моҳи апрели соли 2019 мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.