Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар ҳаштумин намоишгоҳи байниалмилалии «Selangor International Expo-2022»
Маҳсӯлоти Тоҷикистон дар ҳаштумин намоишгоҳи байниалмилалии «Selangor International Expo-2022» Малайзия ироа шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар он бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ғурфаи намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва ба содирот нигаронида шудаанд, ташкил карда шуд.
дар Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022» намунаҳо ва наворҳои истеҳсоли маҳсулот, бахусус ширкатҳои миллии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Оби Зулол», «Евро Азия 2005», «Баракат Исфара», «Исфарафуд», «Азизӣ», «Темуриён» «Витаминҳои Тоҷикистон», «Ширин» ва намунаҳои асали табиӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Тибқи иттилои созмондиҳандагони Намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022», намоишгоҳ то 9 октябр идома ёфт ва дар он 500 ширкат иштирок намуданд.
Ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии «Selangor International Expo-2022» (F&B) 2022, намоишгоҳи маводи ғизоӣ ва нӯшиданист.