Ноябр 03, 2022 12:56 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намоишгоҳи донишгоҳҳои Амрико дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе эълом кард, 5 октябр намоишгоҳи маҷозии донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Намоишгоҳи маҷозӣ соати 14 то 20 ба вақти маҳаллӣ бо ҳимояти сафорати Иёлоти муттаҳида дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳи маҷозӣ намояндагони 50 донишгоҳу коллеҷи сабти ном шудаи амрикоӣ ширкат ва ба сӯрати зинда ба ҳамаи суолоти ширкаткунандагон посух хоҳанд дод.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин мушовирони «EducationUSA» (шабакаи вазорати хориҷаи Амрико муташаккил аз 430 маркази байналмилалии мушовараи донишҷӯӣ дар беш аз 175 кишвар ва манотиқи мухталифи ҷаҳон) низ дар тамос доим хоҳанд буд.

Барои ширкаткунандагон ҳамчунин вебинарҳо дар мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла вебинар бо мушорикати консул, мусобиқоту эътои ҷавоиз пешбинӣ шудааст.

 

Барчасп