Шеърхонӣ дар Хуҷанд - баёни иштирокҳои Эрону Тоҷикистон
Маҳфили гарми шеърхонӣ дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бо ҳузури сафири Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, ҳафтаи фарҳангии Эрон душанбеи гузашта бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд ва барномаҳои ин рӯйдод дар ду шаҳри Хуҷанду Бохтар ҳам дар ҳоли баргузорӣ аст.
Шаҳри таърихиву фарҳангии Хуҷанд ба муддати як ҳафта мизбони ҳунармандони эронӣ барои иҷрои барномаҳои мутанаввеи фарҳангӣ ва ҳунарӣ аст.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоири номии Тоҷикистон дар маҳфили шеърхонӣ ҳузур дошт. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ба поси талошҳои ин шоири тоҷик барои баёни иштирокҳои ду кишвар ва тақвияти забони форсӣ лавҳи тақдире ба хонум Фарзонаи Хуҷандӣ тақдим кард.
Собирӣ гуфт, маҷмӯаи шеърҳои Фарзонаи Хуҷандӣ, шоири тоҷик дар Эрон мунташир мешавад. Маҷмӯаи шеърҳои Фарзонаи Хуҷандӣ дар ҳузури вай дар Хуҷанд рӯнамоӣ шуд. Фарзонаи Хуҷандӣ дар маҳфили гарми шеърхонӣ дар Хуҷанд, ашъореро хонд ва бахше аз иштирокҳои Эрону Тоҷикистонро баён кард. Ин шоири тоҷик ҳамчунин талошҳои Ҷумҳурии исломии Эронро барои баргузории ҳафтаи фарҳангӣ дар Тоҷикистон сутуд.
Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон пештар дар шаҳри Душанбе гуфта буд, шоирони тоҷик вақте дар бораи ҳамбастагии Эрону Тоҷикистон сухан мегӯянд, бар таобири "як ҷон дар ду тан" ва "як рӯҳ дар ду пайкар" таъкид доранд.