Баргузории мусобиқаи «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
(last modified Wed, 27 Mar 2024 06:17:41 GMT )
Март 27, 2024 11:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мусобиқаи «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, озмун аз рӯйи се номинатсия: қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯйи қисматҳои «Шоҳнома», ҳифзи абёт ва шарҳу тавзеҳи порчаҳои азёднамуда ва навиштани иншои беҳтарин аз рӯйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» байни донишҷӯёни соли 1-5 баргузор шуда, аз тарафи устодон баҳогузорӣ шуд.

Донишҷӯён дар озмун иштироки фаъолона намуда, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Зимни ифтитоҳи озмун иброз гардид, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии донишҷӯён баргузор мешавад.