Ҳамоиши фарҳангӣ дар Донишгоҳи Ҳерошимаи Ҷопон бо ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон
-
Намояндагони Тоҷикистон ба ширкаткунандагон дар донишгоҳи Ҷопон ғизои миллии “оши палов” – ро муаррифӣ карданд
Ҳамоиши фарҳангӣ дар Донишгоҳи Ҳерошимаи Ҷопон ба муносибати фаро расидани солгарди ифтитоҳи Мактаби олии тавсеаву ҳамкории байналмилалӣ бо ҳузури теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳамоиши фарҳангӣ ба муносибати солгарди ифтитоҳи Мактаби олии тавсеаву ҳамкории байналмилалӣ бо ҳқзқрм теъдоде аз кормандони давлати Тоҷикистон, Агентии хадамоти мулкии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳар сол тибқи як суннат дар моҳи ноябр ба муносибат фаро расидани солгарди ифтитоҳи Мактаби олии тавсеаву ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ҳузури устодон, муаллимон ва коркунони ҳайати мудираи донишгоҳ, донишҷӯёни коршиносии аршаду докторӣ аз кишварҳои мухталиф, ки дар Донишгоҳи Ҳерошимаи Ҷопон таҳсил мекунанд, барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.
Донишҷӯён дар ин ҳамоиш одобу русум ва фарҳанги кишвари худро бо ироаи ғизоҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ муаррифӣ мекунанд.
Дар ин конфронс барои аввалин бори теъдоде аз кормандони вазоратхонаҳои умури хориҷа, кор ва маорифи Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Дар миёни намояндагони кишварҳои мухталиф кормандони давлатии Тоҷикистон ба ширкаткунандагон ғизои миллии “оши палов” – ро, ки ба унвони ғизои миллии миллати тоҷик дар ЮНЕСКО пазируфта шудааст, ба ширкаткунандагон ироа карданд.
Кормандони давлат дар чорчӯби ҳамкории Агентии хадамоти мулкии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Ожонси Ҷопон барои таҳсил дар солҳои 2022 - 2024 ба донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуданд.