Амрико ба Тоҷикистон 10 дастгоҳ худрави низомӣ эҳдо кард
(last modified Thu, 10 Nov 2022 06:50:28 GMT )
Ноябр 10, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба Тоҷикистон 10 дастгоҳ худрави низомӣ эҳдо кард

Сафорати Амрико эълом кард, дар чорчӯби барномаи кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти марзҳо  10 дастгоҳи худрави низомӣ «Jeeps» ба ин кишвар эҳдо кард.

Дафтари матбӯотии сафорати Амрико дар Душанбе эълом кард, дар маросими таҳвили ин худравҳо ба тарафи тоҷикӣ Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико ва Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар ин маросими сафири Амрико тайи суханоне гуфт, ин кумаки билоиваз яке аз намунаҳои ҳимояти мо аз Тоҷикистон дар ростои таъмини амнияти марзҳояш аст.

Вай таъкид кард, вақте бо ҳам ҳамкорӣ мекунем қавитар мешавем.

Дар моҳи майи соли ҷории милодӣ низ сафорати Амрико ба арзиши 2.3 миллион доллар ба Вазорати дифои Тоҷикистон эъто карда буд. Ҳамчунин дар моҳи октябри соли гузаштаи милодӣ тарафи амрикоӣ 20 дастгоҳ худрави низомӣ (Jeep J8) ба арзиши 1.4 миллион доллар дар ихтиёри неруҳои вижаи Вазорати дифои Тоҷикистон қарор дода буд.

Илова бар он,  Вашингтон эълом кард, ки тайи 2 соли оянда ба манзури кумак ба бахши амнияти Тоҷикистон беш аз 60 миллион доллари ихтисос хоҳад дод.