Нишасти Комиссиюни муштараки Тоҷикистону Русия
(last modified Thu, 10 Nov 2022 12:58:54 GMT )
Ноябр 10, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Комиссиюни муштараки Тоҷикистону Русия

Мақомоти Тоҷикистону Русия дар ҳаждаҳумин нишасти комиссиюни байнидавлатӣ бар зарурати тавсеаи равобити дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид карданд .

Ғарб пас аз ба роҳ андохтани ҷанги Украина корзори зиддирусии худро ташдид кард ва талош барои мунзавӣ кардани Русияро дар дастури кори худ қарор дод . Аммо ба рағми ин талошҳо Русия равобити иқтисодӣ ва тиҷории худ бо дигар кишварҳоро афзоиш додааст .

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар нишасти иқтисодӣ, ки ба раёсати Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон ва Алексий Оверчук-муовини нахуствазири Русия дар Душанбе баргузор шуд, ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Ба гуфтаи нахуствазири Тоҷикистон ширкаткунандагон дар ин гирдиҳамоӣ вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи ду кишварро баррасӣ карданд .

Расулзода дар идома аз оғози талоши вазоратхонаҳои марбута дар Русияву Тоҷикистон барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ба вижа бахши саноъат хабар дод .
Муовини нахуствазири Русия низ гуфт: Маскав қасд дорад ҳамкорӣ ва таъомулот бо Тоҷикистонро дар заминаҳои кишоварзӣ ва саноъати нассоҷӣ тавсеа диҳад .
Оверчук бо ишора ба тамоюли Маскав ба ҳимоят аз Тоҷикистон дар заминаи фанноварӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона аз пазириши як ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар Русия дар соли оянда хабар дод .
Муовини нахуствазири Русия афзоиши 44 дарсадии мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2021-ро таъйид кард .