Сардиси Озари Яздӣ дар Парки мафохири эронии Тоҷикистон насб мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i93860-Сардиси_Озари_Яздӣ_дар_Парки_мафохири_эронии_Тоҷикистон_насб_мешавад
Мудири кулли иршоди устони Язд гуфт, қарор аст аз ҳар устон як чеҳраи шохис муаррифӣ ва сардис (нимпайкара)-и он дар Парки мафохири эронии Тоҷикистон насб шавад, ки аз Язд Маҳдии Озари Яздӣ барои ин манзур интихоб шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Нимпайкараи Озари Яздӣ дар Душанбе насб мешавад
    Нимпайкараи Озари Яздӣ дар Душанбе насб мешавад

Мудири кулли иршоди устони Язд гуфт, қарор аст аз ҳар устон як чеҳраи шохис муаррифӣ ва сардис (нимпайкара)-и он дар Парки мафохири эронии Тоҷикистон насб шавад, ки аз Язд Маҳдии Озари Яздӣ барои ин манзур интихоб шуд.

Эҳсони Обидӣ дар ҷаласаи мафохири фарҳангии устони Язд, ки бо ҳузури имоми ҷумъаи Язд ва устондори Язд баргузор шуд, изҳор дошт: Муттаассифона, анҷумани мафохири фарҳангӣ дар устонҳо ҷиддии гирифта нашуда, аммо аз ҳудуди як соли пеш тавваҷуҳи ҷиддӣ ба ин мавзуъ сурат гирифтааст.

Обидӣ ёдовар шуд, муаррифии яке аз мафохири устони Язд ба вазорати хориҷа барои насби сардиси онҳо дар Парки мафохири Тоҷикистон низ дар дастури кор аст, ки дар ин росто марҳум Озари Яздӣ, марҳум Исломии Нудушан аз ҷумлаи пешниҳодоти мо дар ин замина аст.

Дар ин маросим муаррифии марҳум Маҳдии Озари Яздӣ ба вазорати умури хориҷа ва сохти сардиси он барои насб дар Парки мафохири Тоҷикистон тасвиб шуд.