Ноябр 12, 2022 13:54 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити тиҷорӣ-меҳвари музокироти мақомоти Тоҷикистону Туркия

Дар дидори вазирони тиҷорати Тоҷикистону Туркия заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, таи дидору музокироти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Муҳаммади Мош-вазири бозаргонии Туркия, ки ҷиҳати анҷоми сафар дар Душанбе ба сар мебарад, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .
Вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо ишора ба аҳамияти таъомулоти иқтисодӣ дар равобити миёни ду кишвар  гуфт : Ҳарчанд дар соли 2021 тиҷорати дуҷониба 21 дарсад ё то 391 миллион доллар афзоиш ёфтааст, аммо ҳаҷми онро бо тавваҷуҳ ба манобеъ ва тавоноиҳои густардаи тарафайн наметавон ризоятбахш номид .
Ин мақоми тоҷик ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба хостори эҷоди бунгоҳҳои саноъатии муштарак барои тавлиди маҳсӯлоти нассоҷӣ, алюминий, фароварии пашму чарм, меваву сабзиҷот, маводи ғизоӣ, маводи шӯянда ва масолеҳи сохтимонӣ шуд, ки мавриди истиқболи тарафи тарк қарор гирифт .
Дар чорчӯби сафари вазири бозаргонии Туркия ба Тоҷикистон нишасти туҷҷору сармоягузорон ду кишвар баргузор шуд, ки зимни он « нақшаи роҳи афзоиши тиҷорати байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2023 - 2025 » ва « ёддошти тафоҳуми байни Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Вазорати бозаргонии Туркия дар мавриди ҳамкорӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ » ба имзо расид, ки қарор аст ба афзоиши мубодилаи тиҷории дуҷониба то сақфи як миллиард доллар ва ҷазби сармояи Туркия кумак кунад .
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 134 ширкати муштарак бо Туркия фаъолият мекунад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп