Декабр 09, 2016 21:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷангандаҳои “СУ-25”-и Русия аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳои “СУ-25”, мутааллиқ ба пойгоҳи низомии Русия дар “Кант”-и Қирғизистон барои ширкат дар тамринҳои зиддитеррористии муштараки Маскав-Душанбе ба фурӯдгоҳи “Айнӣ”-и Тоҷикистон мунтақил шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, муовини фармондеҳи нерӯҳои низомии марказии Русия эълом кард, ин ҷангандаҳо баъд аз анҷоми тамринҳои хунсосозии гурӯҳҳои шибҳинизомӣ, нобуд кардани пойгоҳҳои низомиву анборҳо ва урдӯгоҳҳо дубора ба Қирғизистон боз хоҳанд гашт.

Пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри “Кант”-и Қирғизистон яке аз пойгоҳҳои низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аст ва дар таъмини амнияти ҳарими ҳавоии кишварҳои узви ин созмон мушорикат мекунад.

“СУ-25”, ҳавопаймои ҷангандаи яксарнишиндори думотора аст, ки дар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ тарроҳӣ шудаву маъмурияти аслии он пуштибонии наздик аз нерӯҳои заминӣ аст.

 

Барчасп