Ноябр 13, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси муассисаи фарҳангии ЭКО бар тақвияти равобити Тоҷикистон ва Эрон
    Таъкиди раиси муассисаи фарҳангии ЭКО бар тақвияти равобити Тоҷикистон ва Эрон

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон бо дигар кишварҳои минтақаро дар шароити ҳозир зарурияти иҷтинобнопазир талақи кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муродҷон Барибоев, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО бар тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО махсусан Эрон ва Тоҷикистон таъкид намуд.

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО ҳамчунин афзуд: Ҳанузҳам зарфиятҳои фаровони дар ин замина вуҷуд дорад, ки гоҳ мавриди таваҷуҳи андак сурат гирифтанд ва дар шароити кунунии ҷаҳон, ки ба суи ҳамгароӣ пеш меравад лозим аст аз ин зарфият ва имконот истифодаи баҳина сурат гирад.

 

Барчасп