Душанбе мизбони даври ҷадиди ройзаниҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Даври ҷадиди нишасти ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе, баргузор шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин нишаст, Саидмумин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва тарафи муқобилро Қамчибек Ношиев раис Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон бар уҳда доштанд.
Ду тараф дар ин музокирот, ки дар як фазои дустона ва дарки мутақобил баргузор шуд, дар мавриди баргузории нишасти баъди дар қаламрави Қирғизистон тавофуқ карданд.
Дар поёни ин нишаст, пратаколи марбут имзо шуд аммо соири ҷузиёти музокироти ҳайатҳои ду кишвар мунташир нашудааст.
Тули хати марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 каламетр аст, ки мароҳили таъини комили он баъд аз фурӯпошии Шӯрави такмил нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир ду кишвар фақат дар мавриди 460 киламетр тавофуқ кардаанд.
Бештар бихонед:
-
Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон фосилаи зиёде вуҷуд дорад
-
Шиносоии беш аз 20 иқдоми таҳрикомези Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон