Душанбе мизбони даври ҷадиди ройзаниҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Даври ҷадиди нишасти ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи таъйину аломатгузории марзҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши “Форс”, нишасти ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи таъйину аломатгузории марзҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин нишаст Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва тарафи муқобилро Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бар ӯҳда доштанд.
Ду тараф дар ҷараёни ин музокирот, ки дар як фазои дӯстона ва дарки мутақобил баргузор шуд, дар мавриди баргузории нишасти баъдӣ дар қаламрави Қирғизистон тавофуқ карданд.
Дар поёни ин нишаст протоколи муртабит ба имзо расид, аммо соири ҷузъиёти музокироти ҳайатҳои ду кишвар мунташир нашудааст.
Тӯли марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад, ки мароҳили таъйини комили он баъд аз фурӯпошии Шуравӣ такмил нашудааст. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар танҳо дар мавриди 520 километр тавофуқ кардаанд, ки боиси эҷоди муноқиот байни сокинони маҳаллӣ мешавад.
Дар миёнаҳои моҳи сентябр вазъият байни Тоҷикистону Қирғизистон ташдид ва ду тараф якдигарро ба тирборони манотиқи марзии худ муттаҳам карданд.
Бар асоси омори расмии Тоҷикистон, бар асари ин даргирӣ 41 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 204 тани дигар захмӣ шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон ба навбати худ дар мавриди 63 кушта ва теъдоди зиёде захмӣ гузориш додаанд.