Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни федерасиюнҳои футболи Тоҷикистону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i94204-Имзои_тафоҳумномаи_ҳамкорӣ_байни_федерасиюнҳои_футболи_Тоҷикистону_Русия
Масъулони федерасиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Русия тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 17, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни федерасиюнҳои футболи Тоҷикистону Русия

Масъулони федерасиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Русия тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Тафоҳумномаро Хуршед Мирзо, муовини аввали раиси федерасиюни футболи Тоҷикистон ва Максим Митрофанов, дабири кулли Иттиҳодияи футболи Русия имзо карданд.

Ҳамчунин тарафайн дар мулоқот бо якдигар роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду федерасиюни миллиро баррасӣ карданд.

Дар хусӯси баргузории бозиҳои дӯстона байни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Русия низ тавофуқ шуд.