Декабр 10, 2016 12:29 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи имдод дар Тоҷикистон баста шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо судури ҳукме фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эронро дар Тоҷикистон мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", ин додгоҳ дар расидагӣ ба шикояти Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ)-ро расман дар ин кишвар мамнӯъ кардааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан бар асоси моддаҳои 34 ва 35-и Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таътили намояндагии Кумитаи Имдоди Эронро аз додгоҳи Душанбе хостор шуда буд. Моддаҳои 34 ва 35-и Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ марбут ба шароити сабти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон аст. Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон моҳи июл ба хабарнигорон гуфта буд, Вазорати адлия чандин бор аз ин созмони хайрияи эронӣ хостааст, то камбудиҳои мавҷуд дар фаъолияташро рафъ кунад, вале Кумитаи имдод ба ин ҳушдорҳо таваҷҷуҳе накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз ҳудуди як сол пеш дар бораи маҳдудият дар фаъолияти Кумитаи имдоди Имоми Хумайнӣ дар Тоҷикистон баҳсҳое матраҳ буданд. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе моҳи июл дар гуфтугӯ бо расонаҳо ин баҳсҳоро беасос хонда гуфта буд, ки фаъолияти ин созмони хайрия бо ибтикори худи сафорат мутаваққиф шудааст, на бо дастур ё тасмими ҷониби Тоҷикистон.

Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз соли 1996, дар шароите ки ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома дошт, дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз ва ба осебдидагони ҷанг кӯмак кард. Ҳамчунин бо кӯмаки Кумитаи имдод дар Тоҷикистон чандин коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ барои занон таъсис ва давраҳои ҳунаромӯзии бешуморе барои занону духтарони хонаводаҳои ниёзманд баргузор шуд.

 

Барчасп